Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудагони тарма -- 15 нафар


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нахустин корвони кӯмак ба офатзадагони тарма дар Майхураи Анзоб ба роҳ даромад. Ин ҳам дар ҳоле ки наҷотдиҳандагон бо сабаби ғафсии ғайриодии қабати барф натавонистаанд, ба ҷое, ки чандин мошини сабукрав ва боркаш дармондаанд, наздик раванд. Чанд мошине ки дар ду рӯзи гузашта наҷот дода шуданд, аз роҳсозони эронӣ ва чиноӣ, ки дар ин минтақа бо бозсозии роҳ ва бунёди хатти барқ ба воситаи нақби "Истиқлол" машғуланд, имдод гирифтаанд. Поёни рӯзи якшанбе Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боз ҳам аз ҳалокати 15 нафар хабар дод ва аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҷасади 4 нафар дарёфт шудааст. Ягон мақом ё манбаъи Тоҷикистон гуфта натавонист, чанд мошин зери тарма мондааст.
XS
SM
MD
LG