Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди ҳокимияти Ислом Каримов дар Узбакистон


Овоздиҳии имрӯза дар Узбакистон ба эҳтимоли зиёд давраи раёсатҷумҳурии президенти феълӣ Ислом Каримовро ба ҳафт соли дигар тамдид хоҳад кард. Каримов, ки 18 сол боз дар сари қудрат аст, мухолифонашро қабул надорад ва аксари онҳо ё дар маҳбас ва ё дар хориҷа ба сар мебаранд. Созмонҳои ҳуқуқи башар сиёсати Каримов ва зоҳирбозии интихоботи имрӯзаро интиқод карданд. Худи ӯ, баъд аз овоздиҳӣ дар Тошканд гуфт: "Бовар дорам, одамон хуб медонанд, ки райъи худро барои ояндаи беҳтар, сулҳ ва пешрафти кишвар, шукуфоии сарзамин доданд." Дар сабқати интихоботии Узбакистон се номзади дигар низ ширкат доштанд, ки мустақиму ғайримустақим аз номзади асосӣ пуштибонӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG