Сафар Абдулло донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, ки ба овозхон дар дарёфти таронаҳо ва такомули истеъдодаш ёрӣ кардааст, мегӯяд , ки Далер аз ҷумлаи ҳунарпешагони нодирест, ки сабку саликаи вижаи овозхониро дорост ва ба вай на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Афғонистону Эрон низ пайравӣ мекунанд ва метавон гуфт, ки ӯ соҳиби мактаби вижаи эҷодист. -- Ман Далерро аз он нобиғаҳои миллӣ медонам, ки аз наҷвои дарахтон, аз садои булбулон, аз обшори куҳистон мусиқӣ месозад. Нафарест, ки аз мусиқии таронаҳои мардумии Бадахшон ва ба истифода аз мусиқии классикии тоҷикӣ ва мусиқии имрӯзӣ--модерни ҷаҳонӣ як чизи ҷадид сохт, ки ҳеч каси дигаре натавонист, инро бисозад, -- мегӯяд Сафар Абдулло.
Дар маҳфили таронаҳои Далери Назар бисёр чеҳраҳои фарҳангии Қазоқистон ва тоҷикони муқими ин кишвар аз ҷумла Баҳром Холназаров --сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат доштанд ва онон аз садои дилангез ва таронаҳои нотакрори овозхон лаззат бурданд. Тавре ки дар маҳфил гуфтанд,ҳарчанд солҳои пеш чандин албомҳои ин овозхон нашр гардида буданд, вале ҳамаи онон бо роҳҳои сиркат омода шуда буданд ва «Хобе дар боғ» нахустин албоми расмии овозхон аст, ки дар казокистон арзи вуҷуд карда.
«Хобе дар боғ» дастагул ё баргузидаи таронаҳои овозхони маъруфи тоҷик иборат аз 14 адад аст, ки ба он ҳам «Чак- чаки борони баҳор» шомил шудаасту ҳам «Ёд кардам» ва «Наравад» ва дигар таронаҳои дилангез, ки онҳо дӯстдоштатарин сурудаҳои дирӯзу имрӯзи мусиқии тоҷиканд.
Шарҳҳоро бинед (2)
Боз кардани шарҳи бештар