Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав мухолифи санади истиқлоли Косово аст


Русия ба қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи истиқлоли Косово вето хоҳад гузошт. Ин нуктаро Сергей Лавров – вазири умури хориҷаи Русия дар сӯҳбат бо нашрияи “Время новостей”, чопи Маскав таъкид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин тасмими Маскав - ҷилавгирӣ аз низоъҳои нав дар олам аст.

Русия ба идомаи музокирот миёни Белград ва Приштина ба хотири ҷустуҷӯи ҳалли мусолиматомези қазияи мақоми ояндаи Косово пойфишорӣ мекунад. Албанитаборҳои Косово тасмим гирифтаанд, ки аз соли нав мустақилияти худ аз Сербияро эълон кунанд. Иёлоти Муттаҳида ва аксар кишварҳои аврупоӣ аз ин тасмим пуштибонӣ мекунанд ва аммо ду кишвар - Сербия ва Русия ба истиқлоли Косово мухолифанд.
XS
SM
MD
LG