Ба гуфтаи сарраёсати нирӯхои марзбонӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Точикистон, шурӯъ аз рӯзи ҷумъаи 21 – уми декабр Узбакистон дар остонаи интихоботи раисҷумҳурии худ ҳама марзҳояш бо Тоҷикистонро бастааст.
Хушнуд Раҳматуллоев – сухангӯи сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Узбакистон аз субҳи рӯзи ҷумъа вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш ба сурати якҷониба манъ кард, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи озодона баромадан аз қаламрави Узбакистонро доранд. Ба гуфтаи вай, танҳо ба кормандони дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ, иҷозаи убур ва мурур ба Узбакистон дода шудааст.
Хушнуд Раҳматуллоев афзуд, дар ин рӯзҳои баста будани гузаргоҳҳои марзии Узбакистон ҳаққи иҷозаи вуруд ба афроде, ки бо заруратҳои сахт, мисли иштирок дар маросими дафни пайвандони худ ба Узбакистон рафтан мехоҳанд, танҳо ба тасмими мақомоти масъули ин кишвар вобаста аст.
Интихоботи раисҷумҳурии Узбакистон дар рӯзи якшанбеи 23 – юми декабр баргузор мегардад.
Рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ба қаламрави кишварҳои ҳамдигар бо раводид сурат мегирад, аммо сокинони манотиқи наздисарҳадии ҳар ду кишвар иҷозат доранд, дар муддати то панҷ шабонарӯз бидуни виза ба хоки кишварҳои якдигар ворид ва будубош кунанд.
Ба гуфтаи сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, марз бо Узбакистон то рӯзи 25 декабр баста хоҳад буд.
ТО ОМАДАНИ ХУРШЕД КАРИМЗОДА ЯГОН РОХБАР ХАЛОЛ КОР НАМЕКАРД. ДАР ДАВРАИ ВАЗНИН ХАТТО АЗ МАЧЛИСХОИ ХУКУМАТИ МАЬЛУМ ШУД, КИ У АЗ УХДАИ ВАЗИФА БАРОМАДА ИСТОДААСТ, НАКШАХОИ КОРИРО САРИ ВАКТ ИЧРО КАРДА ИСТОДААСТ. ЗИЕДА АЗ 12 СОЛ ЯГОН ПЛАНРО ИЧРО НАМЕКАРДАГИ ДАВЛАТ НУСРАТ ФАКАТ СОХИБКОРОНРО АЗОБ ДОДА ИСТОДААСТ. ХУРШЕД КАРИМЗОДА АЗ АВЛОДИ СЕРУ ПУР ВА БОСАВОД ТАРБИЯ И ПОКОЛЕНИЯ БОШАД ФАКАТ МАНФИАТИ КМССАИ ХУДРОМЕКУНАНД.ЗАМИНУ ЗАМОНИ ВАЗИРИ АНДОЗ ДАР ВАРЗОБУ БАЧЛУВОНУ КАЗОКИСТОНУ ТЕМУРМАЛИКУ ФАХРОБОД БЕХИСОБ АСТ. АХСАН ХУРШЕД КАРИМЗОДА.
Ассалому алейкум, Хуб мешуд,ки мақомотҳои дахлдори тафтишотӣ аз паси чунин корҳо мешуданд то, ки мардуми бечораро бо ҳам ҷанг наандозанд. То куҷо расидаем тамоман хандаовар.
Воқеан ин муаммои сарбаста кай роҳи ҳал меёбад? Мардум то ба кай аз паси пули ҳалоли худаш саргардон мешавад? Чаро аз пешво сар карда то вакилу раису дигараш муҳри хомӯши ба лаб кардаанд? О дар паём лоф зад ки ман чанд сол шуд мегам пасандоз кнен, баъд пасандози мора бон гираду бо амри подшоҳ хонаву мактаб созад пули мора ки медиҳад?
Ҳеҷ гап неабуд мард бояд мардонавор бояд хизмати Ватан Модарро кунад. Сабаб чи буд ки як сиёсатмадор нисбати комисирати ҳарбӣ овоз баланд кунад. Ва нисбати сиёсати давлат тафриқа андозад.
АЗ ДАСТИ ДЕПУТАТҲО ОЕ ҲАЛЛИ ЯГОН МАСЪАЛА МЕОЯД ????? МАН БОВАР НАДОРАМ !