Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия кам шуд


Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия имсол беш аз 7 миллион муҳоҷири кориро сабти ном кардааст. Ахиран, Константин Ромодоновский - раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар нишасти хабарии ҷамъбасти сол гуфт, имсол теъдоди муҳоҷирони қонуниро дар Русия афзоиш додаанд. Вай ҳамчунин гуфт, хадамоти федералии Русия дар роҳи назму тартиб дар вазъи муҳоҷират дар ин кишвар мувафақ шудааст. Оқои Ромодоновский гуфт, шароити сабти иқомат барои муҳоҷирон осон шудааст ва муҳоҷирони корӣ ҳоло кушиш доранд, худро дар Русия қонунӣ кунанд.

«Ба назари ман, натиҷаҳои кори мо имсол хуб буданд. Мо имсол теъдоди муҳоҷирони қонуниро дар Русия афзоиш додем. Дар ҳоли ҳозир, 7 миллиону 300 ҳазор муҳоҷири корӣ дар хадамоти муҳоҷирати Русия ба қайд гирифта шудааст ва 2 миллион 300 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Русия иҷозати кор гирифтаанд ва дар Русия қонунӣ фаъолият доранд.»

Ҳамчунин, оқои Ромодоновский гуфт, дар Русия теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ кам шудааст. Дар ҳоли ҳозир, дар Русия аз 5 то 7 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ кор ва зиндагӣ дорад. Вай гуфт, соли гузашта теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз 10 то 15 миллион нафар мерасид.

Соли гузашта Хадамоти муҳоҷиратии Русия 55 ҳазор шаҳрванди кишварҳои ҳамсудро, ки дар Русия кор мекунанд, ба далели надоштани иҷозати кор ва сабти иқомат аз ин кишвар берун карда буд. Константин Ромодоновский афзуд, теъдоди ихроҷи иҷбории муҳоҷирон низ имсол коҳиш ёфтааст.

«Аксари ихроҷшудагони иҷборӣ аз кишварҳои ҳамсуд ҳастанд. Мо имсол 40 дар сади теъдоди ихроҷшудагонро коҳиш додем ва ман инро як амали башардустона медонам. Теъдоди муҳоҷирони кории қонунӣ афзоиш ёфтааст ва ғайриқонунӣ будан бефоида аст».

Аксари коршиносони Русия ба гуфтаҳои оқои Ромодоновский мувофиқ ҳастанд ва аз фаъолияти хадамоти муҳоҷиратии Русия розӣ мебошанд. Боғшоҳи Лашкарбек - раиси ҷамъияти тоҷикони муқими Маскав мавсум ба «Нур» мегуяд, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар қиёс ба солҳои гузашта хубтар шудааст. Вай гуфт, ба замми ин, ҳоло ҳам қонунҳои муҳоҷиратии Русия дар сатҳи олӣ нестанд:

«Бубинед, дар қиёс ба қонунҳое, ки то имруз вуҷуд доштанд, хеле қонунҳои мусоид ҳастанд ва вазъи муҳоҷирон хеле беҳтар шуда аст. Вале дар ин ҷо ҳамаи чиз аксуламал медиҳад, он қонунҳое, ки ҷорӣ кардаанд, тибқи он, амал намекунад. Барои як иҷозаи кор гирифтан ё сабти иқомат гирифтан то ҳазор рубл талаб мекарданд, аммо ҳоло аз муҳоҷир аз 8 то 12 ҳазор рубли русӣ мегиранд. Вале мардум ба ин ҳам розӣ ҳастанд. Фақат мо аз гуфтаҳои шаҳрдори шаҳри Маскав нигарон ҳастем. Вай ҳамеша мегуяд, муҳоҷирон аз ҳад зиёданд ва мо ба ин қадар муҳоҷир ниёз надорем ва мехоҳад қонун боз мисли пештара бошад. Агар ин тавр шавад боз аксари муҳоҷирон ғайриқонунӣ мешаванд.»

Дар бораи шумораи дақиқи муҳоҷирини кории тоҷик дар қаламрави Русия маълумоти дақиқ вуҷуд надорад ва ин шумораро аз 500 ҳазор то як миллион нафар тахмин мезананд. Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия бештар дар сохтмонҳо кор мекунанд ва дар бозорҳо машғули тиҷоратанд.

XS
SM
MD
LG