Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибрози нигаронии Амрико аз интихоботи Қирғизистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз шеваи баргузории интихоботи порлумонии рӯзи 16 декабр дар Қирғизистон ибрози нигаронии амиқ карда гуфт, ин раъйдиҳӣ бо тақаллубкории густурда сурат гирифтааст. Мақомоти Кумиссиёни интихоботи Қирғизистон гуфтанд, ки аҳзоби асосии мухолифи ин кишвар натавонистанд, дар порлумон соҳиби курсӣ шаванд.
Ҳизби мухолифи давлати Қирғизистон Отамакон ҳашту аз даҳ се дар сади раъйи тарафдоронашро ба даст оварда, вале натавонистааст, дар манотиқи марҳилаи нимдарсадиро убур кунад. Ҳизби Ақжоли раиси ҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев аз 90 курсии порлумон 71 тои онро аз они худ кардааст. Шон Маккормак сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ҳарчанд дар интихобот баъзе аз ҷанбаҳои мусбат, аз қабили ҳузури нозирон мушоҳида шуд, аммо худи интихобот мувофиқ ба меъёрҳои демократӣ сурат нагирифт.
XS
SM
MD
LG