Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили тавсеаи Шенген оғоз ёфт


Словакия ва Австрия таҷлили тавсеаи минтақаи Шенгенро оғоз намуданд. Нӯҳ кишваре, ки соли 2004-ум ба Иттиҳодияи Аврупо шомил шудаанд, сар аз 21-уми декабр ба паймони Шенген ҳамроҳ мешаванд. Паймони Шенген соли 1985 ба имзо расидааст. Кишварҳои шомили он равуои озоди шаҳрвандонашонро бар ӯҳда мегиранд.
Рӯзи панҷшанбе дар як маросими ботантана кантслери Австрия Алфред Гусенбауэр ва сарвазири Словакия Роберт Фитсо дар марзи муштараки миёни ду кишвар монеаи чӯбиро арра карданд. Бо тавсеаи Шенген равуои дохилии 400 миллион аҳолии 24 кишвар бидуни тафтиш сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG