Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Гурҷистон аз ҳад гузаронд


Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч, ки қароргоҳаш дар шаҳри Ню-Йорк аст, ҳукумати Гурҷистонро бо истифодаи беш аз андозаи нерӯ бар муқобили мухолифини ҳукумат ва шабакаи телевизиони мустақил дар моҳи ноябр муттаҳам кард.
Ҳоллӣ Картнер мудири бахши Аврупо ва Осиёи ин созмон гуфтааст, 7-уми ноябр ҳангоми пароканда намудани эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ҳукумати Гурҷистон " аз хатти муқарраршуда" убур кард.
Рӯзи чоршанбе Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо, ки марказаш дар Брусел аст, гузорише ба табъ расонда, иброз дошт, ки мақомоти гурҷӣ ҳар чӣ бештар ба "ҳукми худкома" рӯй меоранд.
Ҳам Ҳуман Райтс Воч ва ҳам Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо аз ҳукуматҳои ғарбӣ даъват кардаанд, ки бо тақозои ислоҳоти демократӣ рӯи ҳукумати Гурҷистон фишор оранд.
XS
SM
MD
LG