Конгресси Амрико барномаи ихтисоси 70 миллиард доллар барои амалиётҳои низомӣ дар Ироқ ва Афғонистонро ба тасвиб расонад. Ин маблағ бахше аз буҷаи давлатии Амрико аст, ки 555 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳарду палатаи конгресси Амрико сенат ва Маҷлиси Намояндагон барномаи ихтисоси маблағ барои амалиётҳои низомиро тасвиб карда ва барои имзо ба раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш фиристодаанд. Бо вуҷуди мухолифаташон ба ҷанги Ироқ вакилони Ҳизби Демократ, ки конгрессро дар ихтиёр доранд, маблағгузории ҷангро рад накарданд.