Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Амрико аз интихоби Юлия Тимошенко


Амрико аз тасвиби хонум Юлия Тимошенко дар мақоми нахуствазирии Укроин истиқбол кард. Рузи пеш порламони Укроин бо бештар аз панҷоҳ дарсади райи намояндагон номзадии вайро пазируфт. Шон мак Кормак-сухангуи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон омода аст бо нахуствазир Тимошенко ҳамкорӣ кунад:
"Мо аз таъйини Тимошенко ба мақоми нахуствазирӣ истиқбол мекунем ва омодаем бо вай ва ҳукумати Укроин ҳамкорӣ кунем".
Ҳафтаи гузашта дар райдиҳӣ Тимошенко як рай камтар ба даст овард ва ноком шуд. Вале дар даври дуввуми райдиҳӣ як райи зарурӣ насибаш гардид. Юлия Тимошенко ва Виктор Юшенко-раиси ҷумҳурии Укроин аз раҳбарони интқилоби норинҷии ин кишваранд.
XS
SM
MD
LG