Аз номзадии ӯ 226 вакил – намояндагони эътилофи Юлия Тимошенко ва эътилофи “Укроини мо-Худдифоъи мардумӣ” пуштибонӣ карданд. Овоздиҳӣ дар порлумон на аз тариқи системи электронӣ, балки тавассути боло бардоштани дастҳо сурат гирифт.
Юлия Тимошенко - сарвазири Укроин
Талошҳои қаблӣ барои дар ин маснад пазируфтани Юлия Тимошенко ноком буданд, зеро барои тасдиқ ҳамеша як раъӣ камӣ мекард.
Жозе Мануел Баррозо, раиси Комиссиюни Аврупо бо ирсоли як нома унвонии Юлия Тимошенко ӯро бо пазируфта шуданаш дар маснади сарвазири Укроин табрик гуфт.
Ҷонс Лайтенбергер – намоядаи Баррозо изҳор дошт, ки Иттиҳодияи Аврупо омода аст бо Юлия Тимошенко ва кобинаи нави вазирони Укроин ҳамкорӣ кунад.