Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи раводиди ИМА боло меравад


Шурӯъ аз моҳи январи соли 2008 ҳимати раводиди ғайримуҳоҷиратӣ ба Амрико аз 100 ба 131 доллар боло меравад. Ба гуфтаи Григорий Флеген, консули сафорати Амрико дар Тоҷикистон, маблағи кунунӣ барои дарёфти раводид, ки 100 доллар аст, хароҷоти зарурии таҳияи раводидро намепушонад. Аз сӯи дигар афзоиши маблағи раводид ба ворид намудани усулҳои нави амниятӣ ва таҷҳизоти муъосири иттилоъотӣ ба коргузории консулгарӣ ва тавварум бастагӣ доштааст. Оқои Флеген меафзояд, маблағи хароҷоти раводид ба Амрико ҳанӯз соли 2004 ум баъд аз омӯзиши ин масъала нокофӣ арзёбӣ шуда буд.

Григорий Флеген гуфт, дар маҷмӯъ давоми беш аз як соли фаъолияти консулгарӣ дар Тоҷикистон беш аз 2000 дархост ҷиҳати гирифтани раводид ба қайд гирифта шудааст. Ба қавли ӯ, аксари хоҳишмандони сафар ба Амрико раводиди омӯзиширо дархост менамудаанд.

XS
SM
MD
LG