Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ва Трейсӣ Ҷейкобсон, сафири фавқулодаву мухтори ИМА дар Тоҷикистон, масоили ҳамкории ду кишвар марбут ба барномаи Корпуси Сулҳро баррасӣ намуданд.
Бино бар иттилоъи хадамоти иттилоъотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон, мавзӯъҳои асосии суҳбат масъалаи зикршуда, ки ҷиҳатибаландбардории сатҳи донишҳо дар соҳаи маориф нигаронида шудааст, ва ҳамкории тарафайн дар доираи барномаи Ташаббуси сулҳомези ҷаҳон будааст.
Аҳаммияти рушди соҳаи беҳдошт дар кишвар, аз ҷумла беҳдошти мардум, аз ҷониби тарафайн низ муҳокима гардид. Зарурати мубодилаи таҷрибаи ҳирфаӣ таъкид гардид.
XS
SM
MD
LG