Илҳоми Ҷамолиён, сухангӯи раиси ҳукумати Суғд, гуфт, ки ширкати чиноии «China Global New Technology Export & Import» ба ин хотир 30 миллион доллар маблағ ихтисос додаст.
Ба гуфтаи масъулини бахши саноати ҳукумати Суғд, ин корхонаи нави чиноӣ дар Суғд дар ибтидои соли 2009 ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Гуфта мешавад, ин корхона, ки дар марҳилаи аввал иқтидори истеҳсоли 250 000 тонна маъдани софи сурб ва руйро дорад, дар ниҳоят метавонад то бештар аз 500 000 тонна маъодини мазкур истеҳсол кунад.
Корхонаи маъдани Олтинтопган дар соли 1954 бунёд ёфта, ба тавлиди маъдани хом ихтисос дошт . Аммо коркарди ниҳоии он ва истеҳсоли маъдани сурб ва руй дар корхонаи Олмалиқи Узбакистон сурат мегирифт. Ба гуфтаи мутахассисин, Узбакистон дар соли 2000 ба далели поин рафтани нархи маъдани сурб ва руй дар бозори ҷаҳонӣ ҳамкориашро дар ин замина бо Тоҷикистон қатъ кард.
Наҷмидин Атаев, сардори шуъбаи саноати Суғд, гуфт, ки дар соли гузаштаи 2006 ширкати мазкури чиноӣ бо маблағи наздики дуним миллион доллар корхонаи маъдани Олтинтопганро харидорӣ кардааст .
Ӯ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар корхонаи маъдани Олтинтопган ҳудуди 200 нафар кор мекунанд ва баъди ба кор даромадани корхонаи нави истеҳсоли маъдани сурбу руй шумори кормандонаш то 1 000 нафар хоҳад расид.
Мутахассисин мегӯянд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи маъдани сурб ва руй дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Онҳо бар чунин назаранд, ки танҳо дар минтақаи Кони Мансур ва Олтинтопгани шимоли кишвар захираи ин навъи маъдин ба беш аз як миллиард тонна мерасад.