Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз интиқоли маводи сӯхт ба Бушеҳр огаҳ буд


Иёлоти Муттаҳида аз нақшаҳои Русия барои интиқоли маводи сӯхт ба неругоҳи ҳастаии Бушеҳри Эрон огаҳ буд. Департаменти давлатии Амрико имрӯз изҳор намуд, интиқоли маводи сӯхт барои ин неругоҳ бори дигар собит мекунад, ки Эрон бояд аз барномаи ҳастаӣ даст бардорад. Ба гуфтаи масъулини вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, дар ҳоле, ки Русия Эронро бо маводи сӯхт таъмин мекунад, ба тавлиди ин мавод дар худи Эрон ҳеҷ зарурате нест.

Имрӯз Маскав эълон дошт, ки интиқоли маводи сӯхт барои неругоҳи Бушеҳрро аз сар мегирад ва ин раванд таҳти назорати Оҷонси байнулмилали неруҳи ҳастаӣ сурат хоҳад гирифт. Тибқи созиш маводи сӯхти ҳастаии истифодашуда ба Русия баргардонида мешавад.

XS
SM
MD
LG