Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин - сарвазири ояндаи Русия?


Владимир Путин изҳор кард, ки дар сурати раиси ҷумҳур интихоб шудани Дмитрий Медведев омода аст дар курсии сарвазири Русия нишинад. Изҳороти раисиҷумҳури феълии Русия дар ин бора дар анҷумани ҳизби “Единая Россия” зимни пешбарии муовини аввали сарвазир Дмитрий Медведев чун номзад ба маснади президенти кишвар садо дод. Ҳамзамон Владимир Путин гуфт, ки ризояташ барои сарварии кобинаи вазирон маънии таҷдиди назари ваколатҳо миёни раисиҷумҳур ва сарвазирро надорад.

Раъйдиҳӣ барои пешбарии номзадии Дмитрий Медведев ба маснади раисиҷумҳур дар анҷумани ҳизби "Единая Россия" ҳамин бегаҳ сурат мегирад. Аз номзадии ӯ се ҳизби дигар – "Справедливая Россия", “Гражданская сила” ва Ҳизби кишоварзӣ низ пуштибонӣ кардаанд. Интихоботи президентии Русия моҳи марти соли 2008 ум доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG