Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: як рӯз пеш аз интихобот


Рӯзи якшанбе дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва имрӯз дар саросари кишвар куллия тарғиботи пешазинтихоботӣ ба поён расид. Аммо дар пешорӯи интихобот, "Оқҷӯл", яке аз аҳзоби рӯ ба президенти ин кишвар гуфтааст, ки алайҳи ҷорисозии монеаҳои барзиёд дар роҳи сабтиноми ҳизбҳо ба додгоҳи олии кишвар шикоят хоҳад кард. Тибқи муқаррароти нав, ҳар ҳизби ширкатдори интихобот бояд аввал 5 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро бурда баъдан боз ним фоизи раъи мардумро дар 7 минтақа ва 2 шаҳри бузургтарини ҷумҳурӣ ба даст орад. Ҳизби "Оқҷӯл" аллакай дар заминаи барзиёд будани тақозои дарёфти ним фоизи раъйҳои сокинони кишвар ба ду додгоҳ муроҷиат кард ва посухи рад гирифт. Дар ҳодисаи ҷудогона гуфта мешавад, ки аҳзоби сиёсии мухолифин ҳукуматро дар он муттаҳам кардаанд, ки тақозои дарёфти 5 ва 0,5 фоизи раъйҳо пеш аз ҳама ба хотири масдудшавии роҳи онҳо барои узвият дар парлумон ҷорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG