Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ дар Қирғизистон


Дар яке аз кӯчаҳои Бишкек, 14-уми декабр
Дар яке аз кӯчаҳои Бишкек, 14-уми декабр

Имрӯз, 16-уми декабри соли 2007, дар Қирғизистон интихоботи қарибулвуқӯъ ба Жогорку Кенеш, порлумони ин кишвар, баргузор мегардад.

Дар ҳамин ҳол Кумисюни марказии Қирғизистон оид ба интихобот ва референдумҳо ба се ҳизби хоҳиши ширкат дар интихобот кардаро (Ҳизби кумунисти Қирғизистон , ҳизби «Таза Коом», Ҳизби сиёсии собиқадорони ҷанги Афғонистон) бо истинод ба иҷро нашудани моддаи 27-и Ойинномаи «Интихобот дар Қирғизистон» аз ҷониби ин аҳзоб сабти ном накардааст. Намояндагони аҳзоби мазкур нийяти дар додгоҳ ҳал кардани ин қазияро доранд.
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳизби сусиёлисти «Ата –Мекен» аз болои КМИР-и мамлакат ҷиҳати муғойир бо қонуни интихоботи кишвар таҳия кардани баргаҳои раъй ба яке аз додгоҳҳои шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, шикоят бурдааст.
Ҷиҳати назорати интихоботи порлумонии Қирғизистон КМИР-и кишвар ҳудуди 600 нозири байнулмилалиро ба қайди расмӣ гирифтааст. Ба иддаъои ин ҳизб, 2 689 909 баргаи раъйи дар коғази одӣ омодашуда бояд ғайри қонунӣ дониста шаванд ва ашхоси ба нақзи қонуни интихобот роҳ дода муқозот шаванд.
Ёдовар мешавем, ки фармон оид ба интихоботи пешазвақтии порлумони кишварро раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев 23-вуми октябри соли ҷорӣ, дуруст дар рӯзи дувуми дар ҳамапурсӣ қабул шудани Қонуни асосии нав ва Ойиннома «Дар бораи интихобот», имзо карда буд, ва ғайри чашмдошти аксари сиёсатмадорони Қирғизистон, ки 23-вуми декабр сурат гирифтани онро интизор доштанд, интихобот як ҳафта қаблтар баргузор мегардад.
Бино бар Қонуни асосии Қирғизистон нтихоботи феълӣ ба порлумони ин кишвар аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ сурат мегирад. Интихобкунандагон метавонанд ба тарафдории рӯйхати яке аз 12 ҳизби аз ҷониби КМИР расман ба қайд гирифтаҳудаи кишвар ё бар зидди ҳамаи онҳо раъй бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG