Хабаргузорӣ ба нақл аз раиси «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд Мӯминҷон Тошматов, навиштааст, сокиноне, ки дар хонаҳои худ воситаҳои обгармкунӣ, кондитсионер ва дигар ашёҳои бо қувваи барқ кор мекарда доранд, қувваи барқро аз меъёр зиёд истифода мебаранд. Акнун онҳо барои як киловат/соат 11 дирам пардохт менамоянд.
Бино ба гуфти М. Ташматов, айни ҳол аҳолӣ барои як киловат/соат 2,5 дирам пардохт мекунанд. Агар аз 250 кВт зиёд истифода кунанд, 3,2 дирам месупоранд. Ташкилоту муассисаҳо бошад 4,4 дирам пардохт менамоянд.