Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё тасмими Русияро ғайриқобилиқабул хонд


Вазири умури хориҷаи Бритониё Дейвид Миллибанд гуфт, тасмими ҳукумати Русия барои муттавақиф кардани фаъолияти дафтарҳои Шӯрои Бритониё дар қаламраваш ба обрӯи Русия дар ҷаҳон латма мезанад. Нахуствазири Бритониё Гордон Браун иброз дошт, қасди Русия барои бастани бахшҳои Шӯрои Бритониё дар он кишвар "комилан ғайриқобили қабул" аст. Мақомоти Русия рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки дафтарҳои Шӯрои Бритониёро, ки як муассисаи фарҳангист бинобар надоштани сабти расмӣ мебанданд. Ҳамкориҳои Русия ва Бритониё тайи соли ахир ба сардӣ гароидааст.
XS
SM
MD
LG