Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ислоҳ мешавад


Имрӯз раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Лисабони Португалия паймони ислоҳоти сохтории ин созмонро имзо карданд.
Паймони ислоҳот ба ҷои лоиҳаи конститутсияи Иттиҳодияи Аврупо матраҳ шудааст. Ду сол пеш дар назархоҳии умумимардумӣ раъйдиҳандагони Фаронса ва Ҳолланд аз қабули сарқонуни Иттиҳодияи Аврупо сар кашида буданд.
Паймон муддати раҳбарии Иттиҳодияи Аврупоро тамдид намуда, ба раҳбари сиёсати хориҷии ин созмон салоҳияти бештар тақдим мекунад.
Агар 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо паймонро ба тасвиб расонанд, он соли 2009-ум ба ҳукми иҷро медарояд.
XS
SM
MD
LG