Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳфили шеъри тоҷикӣ дар Маскав


Иттиҳодияи байналмилалии адибони Русия ба шоир ва публисисти тоҷики муқими Маскав Бӯрӣ Карим ифтихорнома тақдим кард. Ифтихорнома дар як иҷтимоъи пуршукуҳи тоҷикони муқими Маскав тақдим шуд.

Михаил Синелников, узви Шӯрои адабиёти форсиву тоҷик дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи байнулмилалии адибон гуфт, ифтихорномаи Иттиҳодияи байналмилалии адибони Русия ба Бӯри Карим барои тарғиби ваҳдати маънави ва адабии милатҳо тақдим мешавад.

Михаил Синелников гуфт, қарор буд, ифтихорномаро Сергей Михалков, раиси Иттиҳодияи адибони Русия тақдим намояд, аммо ба сабаби бемории Михалков ин масъулият бар уҳдаи ӯ гузошта шуд. Ба паёми табрикии ифтихорнома, Сергей Михалков, Чингиз Айтматов, Меҳмон Бахтӣ, Шавкат Ниёзӣ ва дигар аъзои раёсати иттиҳодия имзо гузоштанд.

Ин ифтихорнома ба Бӯрӣ Карим ба муносибати 50-солагии вай тақдим шуд. Бӯрӣ Карим бо арзи сипос аз истиқболи гарми ҳозирон як силсила шеърҳои худро қироат кард, ки бештар аз Тоҷикистон ёд мешуд.

Бӯрӣ Каримро ба муносибати 50-солагӣ дастаи ҳунарии тоҷикони муқими вилояти Твер мавсум ба «Ғарибон» табрик кард. Ҳамзамон бо тоҷикони муқими Маскав, дар маҳфили шеъри Бӯрӣ Карим намояндагони вазоратҳои роҳу нақлиёти кишваҳои ҳамсуд ҳузур доштанд. Бӯрӣ Карим 15 сол аст, ки сарварии Шӯрои байнидавлатии роҳсозони кишварҳои ҳамсудро бар уҳда дорад. Ба ин хотир, ба Бӯрӣ Карим дар ин ҷаласа ордени Петри 1 тақдим карданд.

Дар ҳошияи баргузории маҳфили шеъри Бӯрӣ Карим ҳамчунин намоиши китобҳое баргузор шуд, ки нашриёти «Трансдорнаука» чоп кардааст. «Трансдорнаука» нашриёти хусусии Бӯрӣ Карим аст ва тайи 10 соли мавҷудияти худ беш аз 40 асари адабиву илмии қаламкашони тоҷикро интишор кардааст.

Бӯрӣ Карим ҳамчунин муасиси маҳфили адабии «Боргоҳи сухан» аст ва ҳамзамон, маҷаллаи адабие бо номи «Боргоҳи сухан» нашр мекунад. Бӯрӣ Карим муаллифи беш аз 200 асари илмӣ дар риштаи роҳу автомобил ва чандин асарҳои адабиву публисистӣ аст.

Бӯрӣ Карим, собиқ муовини нахуствазир ва раиси Кумитаи барномарезии ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90, дар 15 соли ахир дар Маскав ба сар мебарад ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи муҳоҷирони тоҷик дар ҷомеъаи Русия маҳсуб мегардад.

XS
SM
MD
LG