Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Конфронси СММ бахшида ба тағйири тағйири иқлимӣ саросарӣ ҳушдор додаанд, ки агар Вашингтон ба коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ мувофиқат накунад, онҳо моҳи оянда дар мулоқот бахшида ба арзёбии тағйири иқлим, ки дар ИМА барпо хоҳад шуд, иштирок намекунанд.
ИМА, Русия, Япония (Ҷопон) ва чанд кишвари дигар ба лаҳни эъломияи ин нишаст, ки имрӯз дар ҷазираи Балӣ ба поён мерасад, мухолифанд. Дар лоиҳаи эъломияи ниҳоии конфронс зикр гардидааст, ки кишварҳои пешрафта то соли 2020-ум партоби газҳоро аз 25 то 40 % коҳиш хоҳанд дод.