Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев гуфт, Путин бояд нахуствазир шавад


Дмитрий Медведев, ки аз ҷониби раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ҳамчун вориси вай дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ номида шудааст, гуфт, ки дар сурати интихоб шуданаш хоҳони дидани Путин дар мақоми нахуствазирии ҳукумати ояндаи кишвар мебошад.

"Бо изҳори омодагӣ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз Путин дархост мекунам, ки ризоияти қатъии худро барои раҳбарии ҳукумати Русия баъди интихоботи раиси ҷумҳурии нави кишвари мо баён кунад".

Медведев, ки тавассути телевизион сӯҳбат мекард, гуфт, муҳим аст, ки Путин дар мақоми муҳимтарини раҳбари ҳукумати Русия ҳифз шавад. Медведев инчунин гуфт, ки номзадии вай барои идомаи сиёсати феълии Кремлин зарур аст. Путин имрӯз гуфт, ки интихоботи ахири Думаи давлатии Русия, ки дар он ҳизби "Русияи воҳид" пирӯз шуд, намоишгари пуштибонии Русия аз тағйироти дарозмуддати иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG