Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Укроин нахуствазирро интихоб мекунад


Порлумони Укроин имрӯз барои тасвиби номзадии Юлия Тимошенко дар мақоми нахуствазири ин кишвар раъй хоҳад дод.Хонум Тимошенко, ки аз шарикони раиси ҷумҳур Виктор Юшченко дар инқилоби норинҷии Укроин маҳсуб мешавад, се сол дар ин мақом буд, вале баъди сард шудани равобиташ бо Виктор Юшченко аз ин мақом барканор шуд.
Аммо онҳо пас аз пирӯз шудан дар интихоботи порлумонии моҳи сентябр барои соҳиб шудан ба аксарияти раъйҳо тарафдорони ду нафар дар порлумон эътилоф ташкил кардаанд. Ҷиноҳи Юлия Тимошенко ва Ҳизби тарафдори раиси ҷумҳур Укроини мо дар порлумони ин кишвар 227 курсиро дар ихтиёр доранд, ки имкон медиҳад, номзадии хонум Юшченко ба мақоми нахуствазир таъйид шавад.
XS
SM
MD
LG