Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

К.Шарипов: Тоҷикистон моро дастгирӣ намекунад


Кароматуллоҳ Шарипов, раиси "Ҳаракати ҷамъиятии умумируссиягии тоҷикистониён"
Кароматуллоҳ Шарипов, раиси "Ҳаракати ҷамъиятии умумируссиягии тоҷикистониён"

Дар Маскав "Ҳаракати ҷамъиятии умумируссиягии тоҷикистониён" ташкил шуд. Дар анҷумани муассис ширкаткунандагон Кароматуллоҳ Шариповро раҳбари ин созмони ҷамъиятӣ интихоб карданд.

Барои ширкат дар он намояндагони ҷамъиятҳои мухталифи тоҷикон аз шаҳрҳои гуногуни Русия даъват шуда буданд. Ин созмони иҷтимоъии тоҷикон дар гузашта бо номҳои "Тоҷикдиаспора" ва "Лигаи халқии тоҷикон" фаъолият мекард ва раҳбари он мегуяд, ба ҷуз аз Маскав дар минтақаҳои дигари Русия низ созмонҳои "Лигаи халқии тоҷикон" вуҷуд дошт. Дар як гуфтугуи ихтисосӣ аз Кароматуллоҳ Шарипов пурсидам, оё ин созмон баъд аз ташкил тибқи қонунҳои Русия сабти ном шудааст ё хайр?

Ҷавоб: Ба ростиаш, ҳозир не. Барои он, ки то ҳол муҳлат ҳаст. Дар муддати аз се то шаш моҳ дар Русия қонунҳо сабти номро пешбинӣ мекунад. Ҳоло бо минтақаҳои дигари Русия кор рафта истодааст. Баъзе гурӯҳҳое, ки дар анҷумани 10-уми ноябр иштирок карда натавонистанд, гуфта истодаанд, ки ба Ҳаракати ҷамъиятии умуммирусиягӣ ҳамроҳ мешаванд.

Суол: Ҳадафҳои аслии ин ҳаракат ё созмони шумо аз чӣ иборат аст?

Ҷавоб: Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҳар як ҳаракате, ки ташкил мешавад, дар он ҷо шуъбаҳо пайдо мешаванд. Ҳоло мо 7 шуъба дорем. Шуъбаи робитаҳои ҷамиятӣ, шуъбаи фарҳанг ва омӯзиш, шуъбаи иҷтимоъӣ, шуъбаи ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи муҳоҷирону ҷавонон, занон, шуъбаи умумии ахбор дар оинномаи мо вуҷуд дорад.

Суол: Дар Руссия шумораи зиёди муҳоҷирони кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирони мавсимӣ низ ҳар сол меоянду мераванд. Чун созмони шумо дар ин кишвар ташкил шудааст, барномаҳои кумак ба онҳо низ доред?

Ҷавоб: Ҳали ин масъалае, ки шумо ба ман суол додед, мо танҳо дар имрӯза ҳаракат мебинем. Чунки созмонҳои дигаре, ки дар Русия ташкил шудаанд, барои пешравии кор ин вазниниро пешгирӣ карда наметавонад.

Суол: Ва дар минтақаҳо низ имкон доред, ки ба муҳоҷирони корӣ кумак кунед? Мо медонем, ки баъзеҳо ғайриқонунӣ вориди Русия мешаванд, сабти ном надоранд ва сабти ном карда наметавонанд. Вақте, ки бо пулис рӯ ба рӯ мешаванд, мушкил пеш меояд. Дар минтақаҳо, масалан, чӣ хел кумак мекунед? Оё шумо дар он ҷойҳо зерсозмонҳо доред?

Ҷавоб: Пештар аз гузаронидани анҷуман, шаш моҳ пештар, ба мо маълум буд, ки раҳбарони он ҷамъиятҳое, ки аз Тоҷикистон дар Русия ҳастанд ва имкони ёрӣ додан ба муҳоҷирон надоранд, сабаби гузаронидани ин анҷуман шуд. Сабаби дигар ин буд, ки дастгирӣ аз тарафи Тоҷикистон бас шуда буд. Мо дар қарорҳои худ, дар баромадҳои худ мегуфтем, ки имрӯз дар Русия ягон проблемае вуҷуд надорад, ки тоҷик барои ҳали он саргардон нашавад. Ҷамъиятҳои тоҷиконе, ки имрӯз аз тарафи мо кушода мешаванд, дар ҳамаи регионҳои Русия дар ҷое, ки зиёда аз ҳазор нафар тоҷикон ҳастанд, бояд раҳбарони ин ҷамъиятҳо бо роҳи алтернативӣ аз тарафи хориҷакорон пешбарӣ шаванд ва ба тарзи овоздиҳӣ интихоб карда шаванд.

Суол: Бидуни ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии Русия хоҳ дар минтақаҳо ва хоҳ дар Маскав шояд ҳалли мушкили муҳоҷирон имкон надошта бошад. Оё дар минтақаҳое, ки созмонҳоятон фаъолият мекунанд, шумо бо мақомоти маҳаллӣ, бо намояндагони маҳаллии давлати Русия ҳамкорӣ доред?

Ҷавоб: Бе ин намешавад. Чунки агар мо имрӯз бо намояндагони маҳаллии Русия ҳамкорӣ надошта бошем, умуман дар кори мо пешравӣ дида намешавад. Ин гуна ҳамкорӣ ҳаст. Дар Краснодар, дар Смоленск, Астрахан, дар дохили Маскав ҳамкориҳо ҳаст. Пешравии кори мо он аст, ки мо бо онҳо ҳам шартнома дорем ҳам гуфтугу дорем.

Суол: Ва бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар қаламрави Русия чӣ тавр? Масалан, бо сафоратхона ва ё бо консулгариҳои Тоҷикистон, агар дар шаҳрҳои дигар вуҷуд дошта бошад, оё ҳамкорӣ мекунед?

Ҷавоб: Хоҳиши мо ҳаст аз рӯзи аввал. Лекин он чизе, ки шумо аз мо мепурсед, яъне ҳамкорӣ кардан бо намояндагони Тоҷикистон, ҳам бо консулгарӣ ва ҳам бо сафорат, намояндагӣ оид ба муҳоҷират мо аз тарафи худ программаҳои ҳамкорӣ ба онҳо пешниҳод карда будем. Лекин аз тарафи онҳо дастгирӣ пайдо нашуд. Иштирок накардани онҳо ҳам дар съезд сабабаш ин буд, ки программаҳое, ки комиссия пешравии хориҷакорони тоҷикро дар назар мегирифт, ба онҳо маъқул наомад.

Суол: Агар бо сафорат ё консулгарӣ ҳамкорӣ набошад, фикр намекунед, ки ба муҳоҷиони тоҷик, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, кумак кардан мушкилтар мешавад?

Ҷавоб: Мушкилии кор вуҷуд дорад. Тоҷикон як зарбулмасал доранд, мо ба онҳо даст дароз кардем, лекин аз он тараф мо намедонем, ки дар кадом фикранд. Онҳо наздик шудан намехоҳанд бо мо. Онҳо метавонанд бо Шарипов наздик нашаванд, лекин бо шахсоне, ки дар анҷумани даҳуми ноябр иштирок карданд, 48 нафар вакилон аз ноҳияҳо буданд, ба онҳо даст дароз кардан лозим аст, чунки онҳо ҳамкоранд бо шаҳрвандони Тоҷикистон.

Суол: Созмон ё ҳамин ҳаракате, ки шумо ташкил кардед, чанд сол аст дар қаламрави Русия фаъолият мекунад?

Ҷавоб: Мо аз соли 2001 фаъолият мекунем. Пеш аз он бо номи “Тоҷикдиаспора” буд. Баъд аз он “Лигаи халқии Тоҷикон” ном гирифт, ки тоҷикону тоҷикистониёнро ба худ ҷалб кард. Мо боварӣ дорем, ки дар оянда дар ҳар минтақаҳои Русия ҷамъиятҳо кушода мешаванд ва мо пешравии кори худро бояд бинем.

Суол: Мумкин аст бигуед, ки чаро шумо номи созмон ё ҷамъияти худро, ки гуфтед “Тоҷикдиаспора” буд, тағир додед? Ҳадафҳои барномавӣ тағир ёфт ё ягон сабаби дигар ҳаст?

Ҷавоб:Тамоми сохторҳо ва барномаҳое, ки мо аз соли 2001 дар назар гирифтаем, аз байн намеравад. Онҳо ба “Ҳаракати ҷамъиятии умумрусиягӣ тоҷикистониён” дохил шуданд, яъне ҳам “Лигаи халқӣ” ҳам фонд ва ҳам ҷамъиятҳои дигаре, ки буданд. Онҳо мувофиқи майли худ кор мекунанд.

Суол: Бале. Ва созмоҳои шумо ҳоло дар кадом минтақаҳо фаъоланд?

Ҷавоб: Чун пешина дар Краснодар, Карасноярск, Астарахан, Воронеж, Санкт-Петербург, дар худи Маскав, вилояти Маскав ва фикр мекунам, ки дар дигар ҷойҳо ҳам кушода мешаванд. Пешравии кори мо дар ин аст, ки гуфтушунидҳо тезтар бо намояндагони давлат ва сафорати Тоҷикистон гузарад, чунки программае, ки мо дар пеши худ мондаем, чӣ хеле, ки шумо гуфтед, ба мо вазнин мешавад, агар аз тарафи онҳо гуфтушунид нашавад, як зиддият пайдо мешавад ва ман инро намехоҳам. Бо зиддият кор пеш намеравд. Ба фикрам бачаҳое, ки ҳастанд, лоиқи сухан гуфтан, лоиқи кор кардан доранд. Ба онҳо роҳ додан лозим аст.

XS
SM
MD
LG