Пайвандҳои дастрасӣ

Як сарбози қисми низомии № 87740-и Вазорати мудофиъаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Хатлон, даст ба худсӯзӣ задааст.

Ин сарбоз – Б. Б. – гуфтааст, ки бар асари шиканҷаи яке аз афсарони ҳамин қисми низомӣ даст ба худсӯзӣ задааст. Ӯ ҳамчунин шарҳ дод, ки ин афсар рафтори ғайриинсониро ба ӯ раво дидааст.
Вале дар ҳамин ҳол лейтенанти калон Муҳаммадҷон Шарифов, масъули кор бо ҷавонони қисми низомии мазкур, мегӯяд, ки ҳодисаи зӯроварии афсарон нисбати зердастон дар лашкаргоҳ ҷой надорад ва ин ҳодиса аслан бар асари, ба истилоҳ, муноқишаи оилавии марбут ба хонадоркунии ҳамин сарбоз будааст. Ӯ дар суҳбат ба Родиюи «Озодӣ» гуфт, ки баъди ҳодиса бо падари ин сарбоз суҳбате дошт ва ӯ ин фарзияро таъйид кардааст. Яъне, вақте волидайн ба писарашон хабар медиҳанд, ки ба иллати ба ба худи онҳо вобаста набудан имкони хонадор кардани ӯ ва духтари дӯстдоштааст нест, Б. нахуст мехоҳад худро овезад, вале чун модараш ба ин кор ноогоҳона халал мерасонад, охируламр, дар оғил тавассути маводди сӯхти солярка худро оташ мезанад.
Дар ҳамин ҳол Ҳабибуллоҳ Қодиров, мудири шуъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ, ин сарбози қаторӣ дар ҳолати ниҳоят вазнин ба бемористон интиқол шудааст. Ин пизишк афзуд беш аз 90 дарсади ҷисми ҷавон шадидан сӯхтааст ва дар ҳоли ҳозир духтурон барои ҳаёти ӯ мубориза бурда истодаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG