Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави гуштии самбои Тоҷикистон (аксҳо)


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи гуштии самбо шоми якшанбеи 9-уми декабр бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Ин мусобиқот бо ширкати 233 гуштигир аз манотиқи мухталифи кишвар дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ тӯли ду рӯз идома кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ ҳашт нафар паҳлавонони шаҳри Душанбе - Айниддин Қурбонов дар вазни 52 кг, Олимҷон Зикаев дар вазни 57 кг, Далер Мусофиров дар вазни 62 кг, Давлат Олимов дар вазни 74 кг, Собир Сулаймонов дар вазни 82 кг, Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни 90 кг, Абдулҳамид Раҳимов дар вазни 100 кг ва Зиёратшоҳ Баротов дар вазни беш аз 100 кг - ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гардиданд.

Танҳо дар сабқати паҳлавонони вазнашон 68 кг Ҷамшед Шоҳниёзов, аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мақоми аввалро касб карда, соҳиби медали тилло шуд.

Хайрулло Назриев, раиси Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ҳадафи ин мусобиқот муайян кардани ҳайати дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон буд, ки шарафи кишварро соли оянда дар мусобиқоти байнулмилалӣ ҳимоя хоҳанд кард.»

XS
SM
MD
LG