Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CIA наворҳои бозпурсии соли 2002-ро нобуд кард


CIA ё Созмони Иттилооти Марказии Амрико эътироф кард, ки навори бозпурсии ду нафари машкук ба афроди Ал-Қоъидаро нобуд кардааст. Он гуна, ки хабаргузориҳо навиштаанд, дар номае ба кормандони худ, Майкл Ҳейден-раиси Созмони Иттилооти Марказии Амрико гуфтааст, ки ин наворҳо соли 2002 дар чаҳорчубаи барномаи боздоштҳои махфӣ ва бозпурсиҳо сабт шуда будаанд. Ба гуфтаи вай, ин наворҳо соли 2005 нобуд шудаанд, зеро бими он мерафт, ки ҳуввияти суолкунандагони амрикоӣ ошкор шавад.
XS
SM
MD
LG