Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози амалиёт барои раҳоии Мусо Қалъа


Як сухангӯи низомии Бритониё мегӯяд, ки нерӯҳои байналмилалӣ ва Афғонистон барои аз таҳти тасарруфи Толибон озод кардани шаҳраки Мусо Қалъа амалиётеро оғоз кардаанд. Ричард Этон - сухангӯи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки амалиёт шурӯъ шудааст, вале аз гуфтани ҷузъиёти он худдорӣ варзид. Ҷангҷӯёни Толибон моҳи феврал бо ҳамла ба шаҳри Мусо Қалъа кормандони идораи пулисро бесилоҳ карда ва ҳукумати маҳаллиро аз дасти шӯрои қабилавӣ ба ихтиёри худ гирифтанд.
XS
SM
MD
LG