Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашид Раҳимов - сармураббии «Локомотив»-и Маскав


Рашид Раҳимов
Рашид Раҳимов

Рашид Раҳимов, собиқ капитани дастаи «Помир»-и Душанбе, сармураббии тими футболи «Локомотив» (Маскав) таъйин гардид.

Вай қабл аз ин ба ҳайси сармураббии дастаи «Амкар»-и Перм (Русия) кор кардааст. «Амкар» таҳти раҳбарии Р. Раҳимов имсол нахустин бор ба дастоварди назаррас ноил шуда, дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия байни 16 даста ҷои 8-умро ба даст овард. Дастаи «Локомотив»-и пойтахти Русия як зина болотар – дар ҷои ҳафтум – қарор гирифт.
Дар ҳамин ҳол, қабл аз шурӯъи Рашид Раҳимов ба вазифаи нави худ, «Локомотив» 5-уми декабр дар сафар аз «Панатинаикос»-и Юнон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда, аз имкони роҳ ёфтан ба даври баъдии Ҷоми UEFA маҳрум гардид.
Рашид Раҳимов 18-уми марти соли 1963 таваллуд шудааст. Нахуст ӯ дар дастаи «Захираҳои меҳнатӣ»-и Душанбе бозӣ кардаааст. Аввалин мураббиаш шодравон Сироҷ Носиров мебошад. Вай солҳои 1980 – 1991 ҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе буд. Сипас дар бошгоҳҳои футболи «Спартак»-и Маскав (1992, 1994), «Валядолид»-и Испания (1992 – 93), «Локомотив»-и Маскав (1993 – 1994), «Аустрия»-и Австрия (1995 – 1999), «Адмира-Ваккер»-и Австрия (2000 – 2001) ва СВ «Кели Рид»-и Австрия (2001) ҳунарнамоӣ кардааст. Р. Раҳимов инчунин қаҳрамони дукаратаи футболи Русия (1992, 1994), барандаи Ҷоми Русия (1992) мебошад.
Рашид Раҳимов пас аз гирифтани муҷаввиз аз соли 2002 ба кори мураббигӣ пардохта, ба бошгоҳи «Адмира-Ваккер» (Австрия) раҳбарӣ мекунад. Моҳи сентябри соли 2006 вай вазифаи сармураббии дастаи «Амкар»-и Пермро ба уҳда гирифт ва дар натиҷаи раҳбарии устодонаи худ ин дастаро аз хавфи хориҷ шудан аз дивизиони аввали футболи Русия наҷот дод.
Бояд тазаккур дод, ки имсол Анатолий Бишоветс сармураббии «Локомотив» буд, вале ӯ барои натоиҷи ғайриқаноатбахш аз вазифааш сабукдӯш гардид. То таъйин шудани Рашид Раҳимов ба вазифаи сармураббии «Локомотив», Ринат Билолиддинов иҷрокунандаи ин вазифа буд.
XS
SM
MD
LG