Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди бойкоти интихоботи Қирғизистон


Ҳизби мухолифи давлати Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе 5 декабр аз нерӯҳои сиёсии ба гуфтаи мақомоти ин ҳизб "солими кишвар" хостааст, то интихоботи порлумонии рӯзи 16 декабрро бойкот кунанд. Ҳизби Парчам зимни баёнияе гуфт, раҳбарони Қирғизистон ва Кумиссиёни Марказии Интихобот барои маҳдуд кардани фаъолияти аҳзоби мухолиф дар остонаи интихобот талош доранд ва таҳти чунин шароит аҳзоби мухолиф дар интихобот ҳатман шикаст мехуранд. Ҳизби Асаба ва ё Парчами Қирғизистон мегӯяд, ки ҳукумат ва Кумиссиёни Марказии Интихобот дар баробари баёнияи онҳо хомӯширо пеша кардаанд.

XS
SM
MD
LG