Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Бародаъӣ: Боз як имкон барои эрониҳо


Раиси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ Муҳаммад Ал-Бародаъӣ мегӯяд, гузориши хадамоти иктишофии ИМА ба Эрон имкони нави ҳалли бӯҳрони марбут бо барномаи ҳаставии ин кишварро фароҳам меорад:
"Амалан, гузориши нав бояд Эронро ба ҳамкории бештар ташвиқ намояд. Барои эрониҳо он бояд ба як ангезаи фаъолияти бештар ва шаффофияти бештар табдил ёбад."
Тибқи гузориши нави хадамоти иктишофи миллии ИМА, ки ҳафтаи равон ба табъ расид, Эрон дар соли 2003-ум татбиқи барномаи тавлиди силоҳи атомиро мутаваққиф намудааст.
XS
SM
MD
LG