Ин нашрия, ки Донишгоҳи Урбан дар Тоҷикистон нимсолаи аввали ҳазинаи онро ба маблағи $7500 пардохт менамояд, асосан ба ҷавонон нигаронида шудааст. Ба гуфтаи Зафар Мирзоев, роҳбари Дафтари минтақавии донишгоҳи мазкур дар Кӯлоб, фикри журналистони ҷавон дар бораи баровардани чунин нашрия бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Ӯ гуфт: «Дар ҳоле ки дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб беш аз 60 000 ҷавонони аз 16- то 20-сола зиндагӣ мекунанд, онҳо ҳеч вақт нашрияихудро надоштанд».
З. Мирзоев афзуд, ки акнун Урбан-институт акнун баъзе аз маводди худ роҷеъ ба масоили шаҳрро ҷиҳати аз ҷониби ҷавонон ҳаллу баррасӣ гардидан онҳо дар ин нашрия ба чоп мерасонад.