Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоишҳо ва танқидҳои интихоботи Русия


Раисҷумҳурии Русия Владимир Путин интиқодҳои афзояндаи ҷомеаи байнулмилалиро аз интихоботи парлумонии кишвараш рад кард.

Имрӯз, 3 декабр, дар як изҳороташ дар заминаи пирӯзии ҳизби "Русияи Воҳид" вай гуфт, ки натиҷаҳои интихобот қонунӣ мебошад. Вай гуфт, интихобот намоишгари он аст, ки кишвари вай дар роҳи созанда ҳаракат хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз нозирони САҲА ва Шӯрои Аврупо гуфтанд, ки интихоботи парлумонии рӯзи 2 декабри Русия ҷавобгӯи бисёр "меъёрҳову тааҳҳудоти" демократӣ набудааст. Нозирон ба "нуфузи аз ҳад зиёди дафтари раёсатҷумҳурӣ ва худи раисҷумҳур дар интихобот" таъкид кардаанд.


Интихоботи Русия дар аксҳо


Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ меъёрҳои озодии баён ва ҳаққи озодона баргузор кардани ҳамоишҳо вайрон шудааст.

Дар Русия раҳбари мухолифин Гарри Каспаров раъйдиҳии ахирро чун "зишттарин" дар таърихи навини Русия маҳкум кард:
"Ин интихобот ва ё он чи ки чун интихобот ёд мешуд, ғайримунсифона ва зишттарин дар таърихи кунунии Русия мебошад. Муҳим ин ки ҳукумат дигар аз чизе шарм намедорад ва ҳама захираҳои маъмуриро бо тамоми нирӯяш истифода мекунад"

Як узви кумиссиюни марказии интихоботҳои Русия гуфт, ҳизби "Русияи воҳид"-и президент Владимир Путин аксарияти раъйҳоро ҳифз карда, дар маҷлиси иборат аз 450 курсии Русия 315-торо аз они худ кардааст.

Ҳизби коммунисти Русия бештар аз ёздаҳуним дар сади раъйҳоро аз они худ кардааст ва ду ҳизби дигар Ҳизби Либерал Демократи Владимир Жириновский ва Ҳизби Русияи Боадолат барои ворид шудан ба порлумон раъйи кофии тарафдоронашро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG