Бино бар гуфтаи мудири он Абулқосим Школа, маркази мазкур танҳо ба истиқоматкунандагони шаҳри Панҷакент, ки гирифтори ин мараз гардидаанд, хидмати тиббӣ мерасонад. Ба қавли ӯ, дар ин марказ феълан 15 нафар пизишкони вогиршинос кор мекунанд.
Ба гуфтаи мудири марказ, дар ҳоли ҳозир теъдоди мубталоёни ин бемории аср дар шаҳри Паеҷакент ба 13 нафар расидааст, ки аз миқдори онҳо дар соли 2004 (4 нафар) се маротиба бештар аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба таъйиди як мутахассиси марказ, яке аз мубталоёни Панҷакент ба AIDS/HIV ду моҳ пеш фавтидааст.
Гуфта мешавад, маркази мазкур бо маблағи ҳукумати ноҳия роҳандозӣ гардида, қарор аст, ки дар ояндаи наздик он ба маркази сироятдидагони тамоми водии Зарафшон ба ин вирус тавсиъа ёбад.