Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мубориза бо фасодро фаъол карданист


Мақомоти интизомӣ ва қонунгузории Тоҷикистон дар ҳоле изҳори омодагӣ барои пайвастан ба муоҳада ё конвенсиюни Созмони Милал бар зиди корупсия мекунанд, ки Тоҷикистон аз сӯи созмониҳои байнулмилалӣ ба унвони як кишвари ришватзадатарини Осиёи Маркази арзёбӣ мешавад.

Дар ин ҳамоиши байнумилалӣ дар ҳузури созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои узви конвенсиюни Созмони Милали Муттаҳид намояндаи додситонии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар амри пайвастан ба ин муоҳада як сол қабл муроҷиат карда буд, аммо бо далели норушан то кунун масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба таъхир афтодааст.

Абдукарим Абдуҳамидов, корманди масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон, гуфт, қабул намудани муоҳадаи Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мубориза бо ришвахорӣ ба Тоҷикистон имконоти бештареро дар роҳи мубориза бо фасод фаъол месозад.

Янис Узуленс, намояндаи Бюрои огоҳсозӣ ва мубориза бо ришвахории Латвия, гуфт, ниҳоди онҳо бар асоси қонунгузории ин кишвар, ки мутобиқ ба ин муоҳида шудааст, метавонад бар рӯи як аризаи шаҳрванд бидуни мамониат ба вазоратҳои ин кишвар ворид шуда, вазъи моли ин кишварро тафтиш намояд.

Вай афзуд, мубориза бо ришвахорӣ дар кишвари мо хеле қавист ва ба ин ҳолат пайвастани Латвия ба ин муоҳада боис шуд. Фикр мекунам, дар Тоҷикистон низ пайвастан ба ин муоҳада мубориза бо ришвахориро таъмин мекунад.

Маҳмадриё Халифаев, ёвари додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, қабул намудани ин муоҳада Тоҷикистонро ба шабакаи ҷаҳонии мубориза бо ришвахорӣ мепайвандад ва қонунгузории Тоҷикистон бар қонунҳои давлатҳои узви ин муоҳада мутобиқ менамояд. Ба гуфтаи ӯ, ин муоҳада тадбирҳои беҳтари мубориза бо ришвахориро пешбинӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистонро ҷиҳати боздошти ришвахорон ва пас баргардонидани маблағҳои бо роҳи ришвахорӣ ба берун бурда шуда имконият медиҳад.

То кунун аз ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ Қирғизистон ва Латвия ба ин муоҳада пайвастааанд ва мубориза бо ришвахориро бар асоси он роҳандозӣ намудаанд. Айни замон лоиҳаи қабули ин паймон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли таҳия қарор доштааст ва ба баъд аз комил шудан он ба раисҷумҳур ва парлумони Тоҷикистон ироъа мешавад.

XS
SM
MD
LG