Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми эҳтимолии Усома Бин Лоден


Дар як навори видеоии тозанашр, ки ба раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден тааллуқ мегирад, аз ҳукуматҳои давлатҳои аврупоӣ даъват мешавад, ки кӯмак ба ИМА дар Афғонистонро хотима диҳанд. Телевизиони Ал-Ҷазираи воқеъ дар Қатар ду пора аз навори видеоиро намоиш дод, ки гӯяндаи он, эҳтимолан Усома Бин Лоден мегӯяд, ки Толибон дар робита ба ҳамлаи 11 сентябри ИМА ҳеҷ нақша надоштанд ва ин танҳо баҳонаи Амрико барои таҳоҷум болои Афғонистон мебошад. Ин чаҳорумин паёми рабҳари Ал-Қоида дар соли ҷорӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG