Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари Кумитаи амният зиндонӣ шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон як корманди Кумитаи давлатии амнияти миллиро барои 24 сол равонаи зиндон кард. Худойназар Ҳалимови 29-сола дар қатли барқасдонаи як сокини ноҳияи Ваҳдат муттаҳам дониста мешавад. Вай сар аз соли 2004-ум дар раёсати таъмини бехатарии дипломатҳои Кумитаи амнияти миллӣ ифои вазифа мекардааст. Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳи рӯшан шудааст, ки Худойназар Ҳалимов аз яке аз дӯстонаш бо роҳи фиреб 18-уним ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифта ва барои бозпардохт накардани ин маблағ ӯро бо зарби чандкаратаи корд ба ҳалокат расонидааст. Зимнан коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ Худойназар Ҳалимовро ба 24 сол ва ҳамдасти ӯ Зубайдулло Ҳусейновро барои 17 сол аз озодӣ маҳрум ва равонаи муассисаи ислоҳӣ намуд.

XS
SM
MD
LG