Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии муомилоти тиҷоратии Душанбеву Маскав


Мубодилаи молу коло миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2008 ба эҳтимоли қавӣ аз марзи 1 миллиард доллари амрикоӣ ҳам берун меравад. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов дирӯз дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат кард. Дипломати рус бо таъкид ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол дар даҳ моҳи аввали соли равон миёни ин ду кишвар гуфт, то охири сол ин нишондиҳанда ба 800 миллион доллар хоҳад расид. То якуми октябр Русия ва Тоҷикистон ба андозаи беш аз 650 миллион доллар доду гирифт кардаанд. Ва Русия дар феҳрасти кишварҳое, ки бо Тоҷикистон мубодилаи молу коло доранд, аз рӯйи ҳаҷми он мақоми аввалро ишғол мекунад.
XS
SM
MD
LG