Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВУД Афғонистон: "Танҳо се нафар муолиҷа дидаанд"


Зарор Аҳмад Муқбал, вазири умури дохилаи Афғонистон гуфт, ки дар пайи ҳодисаи маргбори қатли вакилони парлумон дар моҳи ҷорӣ фақат се нафари маҷрӯҳшуда муолиҷа дидаанд. Дар ҳодисаи таркиши маргталабонаи 6 ноябр дар вилояти шимолии Бағлон дасти кам 71 нафар, аз ҷумла 61 мактаббачаву 6 узви парлумон ба ҳалокат расиданд. Алорағми суннатҳо, баъзе хонаводаҳо тақозо кардаанд, ки ҷасади наздикони онҳо ташхис шуда, сабаби аслии марги онҳо муайян шавад. Тибқи баъзе иттиҳомот, аксар қурбониҳо баъди он ба ҳалокат расиданд, ки муҳофизон баъди таркиш ба ҷониби издиҳоми мардум оташи бенизом кушоданд. Аз ҷумла, як гузориши амниятии СММ дар Афғонистон ба ин чиз ишора мекунад.
XS
SM
MD
LG