Гузашта аз онки ҳамаи 33 акс, ки қисмате аз маҷмӯъаи 52-аксӣ аст, ба тамошогарон таассуроти амиқ бахшид, бидуни шак, акси аз баландии 450 километр аз Тоҷикистон гирифтаи Ю. Батурин ба тоҷикистониён таъсири мусбати нозудуданӣ гузошт.
Дар ин аксҳо ҳам гирдбодҳои ҳавоӣ ва ҳам мусиқии коиноту тантанаи равшаниву торикӣ тавъам бо намои шоиронаи зебоарӯси коинот – Замин – сабт шуда, ҳамоно дилу чашмони бинандагони онро тасхир мекунанд.
Аксари ин аксҳо ҳанӯз дар охири солҳои 90-уми асри гузашта ҳангоми парвозаш дар маҷмаъаи мадории «Мир» тавассути кайҳоннавард гирифта шудаанд.
Юрий Батурин мегӯяд: «Аксҳоеро, ки дар ин маҷмӯъа гирдоварӣ шудаанд, ман дар вақти холии худ гирифтаам – дар замони адои маъмурияти касбиам, вақтҳое ки зебоиву назокати Замини азизамонро назорат мекардам ва мекӯшидам дар хотираам гирифта, сабт созам ва ба дигарон нишон диҳам».

Дар яке аз аксҳои дӯстдоштаи худ, ки ба гунаи аъло моҳият ва рангҳои коинот нишон дода шудаанд, Батурин намоеро аз сайёраи Замин, коинот ва ботриҳои офтобии муҷтамаъи мадорӣ наворбардорӣ кардааст, ки хеле диданиву хотирмон аст.
Дар маҳалли намоишгоҳ чунин манзараҳои ҷолибе мушоҳида низ мешуд, ки бинанда муддати мадиде дар тамошои як акс хира мешавад. Бештари аксҳо дар зер матнҳои на камтар аз худи аксҳо марғуби муаллифро доранд. Нигина Абдуллоева, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд: «Дар поёни баъзе аз аксҳо матнҳо аз дафтари ёддошти муаллиф оварда шудааст, ки ҳангоми мутолиъаи онҳо кас ба фазои ҳамонлаҳзаинаи кайҳоннавард ворид мешавад ва ӯро таассуроти дучанди ҷолибе фаро мегирад».
Владимир Пряхин, сарвари маркази САҲА дар Душанбе, ки дафтари таҳти раҳбарии ӯ ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон аз баргузоркунандагони ин намоишгоҳ мебошад, ки акси аз коинот гирифташударо бо диққати хоссае назора мекунад, таассуроти худро аз ин акс чунин изҳор мекунад: «Дар мисоли ин акс мо метавонем бубинем, чигуна лозурҳои яхи қуллаи кӯҳҳо, ки дар таҳти таъсири рушди саноъатии инсоният кам мешаванд, осебпазиранд».
Намоишгоҳи мазкур соли ҳаштум аст, ки ҳамроҳ бо филми мустанади хеле ҳам дидании «Нардбон ба осмон» сайёраро чарх мезанад ва дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба маърази тамошои одамони миллияту нажодҳои гуногун гузошта мешавад.

«Замини мо аз коинот кӯчаку осебпазир ба назар мерасад», - мегӯяд Юрий Михайлович Батурин. Ба гуфтаи ин кайҳоннаварди абадийятро дар аксҳояш сабткарда, ӯ ҳамоно мусаммам аст, ки баъдан ҳам ҳамаи нерӯи зеҳнияшро ба он сарф кунад, то ин абадияти зебову нотакрорро дар намуди аввалияи он нигоҳ дорад.
Чанд сол аз ин пеш, баъди тамошои ин намоишгоҳ дар Арманистон, як бинандае гуфта буд: «Коинот ҳамеша чизи нави зебо ва беохиру тасхиркунандаеро ба кас боз мекунад. Вақте ки ман ин аксҳоро дидам, бовар кунед, кадом як мусиқии латифи нотакрореро шунидам».
Мо бовар кардем. Мо ин аксҳоро дидем ва ин мусиқиро бо гӯши ҷон шунидем...
Қисмате аз Замини зебое, ки мо дар он зиндагӣ мекунем (Акси Юрий Батурин)

Коршинос бесавод аст, низоми давлатдорие, ки дигарандеширо намепазирад ва токати онро надорад, дер намепояд ва шарманда мешавад. Ин усули муборизаро даврони шурави аллакай аз сар гузаронидааст ва окибаташ маълум. Афсус он барои дигарон дарс нашудааст ва "история повторяется"!
Ба коршинос. Беҳтарин нависандаи фантасти муосири "адабиёти шуравӣ" Абдумалик Баҳорӣ (Худо раҳматаш кунад) буд. Шумо аз Ӯ гузашта наметавонед. Подоши инсон вобаста ба амалҳояш аст. Як бор корҳои ин блогерро дар ютюб тамошо кунед! : " Он вам не Димон".
Агар пули накди аз байн раваду ба чояш муомилаи гайринакди ба рох монда шавад на танхо дар бозорхо балки дар тамоми сохторхо, ин боиси кам шудани корупся низ мегардад
Ин оморро аз кучо мегирифта бошанд? Чи хел хисоб кардед мухтарам оморчиён? Ё шумо хам хатмкардаи институти саньат буда бо ягон авлод хещу таборед??? Равгани 5л 63с буд 90-100с Шакар 1кг 6.5м 11с Орд 50кг168с 240с Гушти лахм 54с 67-70с Картош 1.5-2м 2.5-4с Тухм 30шт 24с 35с ..... Асосаш ин кимат шудани нархи сузишвори аст, ки онро ширкати монополи идора мекунад ва агар онхо камтар навсро доранду аз осмон камтар замин фурояд, онхо метавонанд 25-30% нархи сузишвориро кам кунанд, ки ин автомати нархи дигар махсулотро поён барад. Аммо афсус.... осмон баланд, замин сахт, авлод гушна, гушнаи сернашаванда.
Худут коршиноси раками як хасти . Чои ту кор дар СММ