Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф ба Покистон бармегардад


Навоз Шариф – сарвазири пешин ва яке аз раҳбарони мухолифини Покистон имрӯз ба кишвар бармегардад. Ба иттилоъи расмӣ, ҳавопаймо бо Навоз Шариф дар шаҳри Лоҳур фуруд хоҳад омад. Мақомоти Покистон гуфтанд, ки барои бозгашти сарвазири собиқ ба кишвар ягон монеъа эҷод нахоҳанд кард. Ёдовар мешавем, рӯзи 10 сентябр, вақте, ки Навоз Шариф баъд аз солҳои тулонии ғурбат ба Покистон баргашт, ҳукуматдорон ба ӯ иҷозаи вуруд ба кишварро надоданд ва сарвазири пешин дубора ба Арабистони Саудӣ баргашт.
Навоз Шариф соли 2000, як сол баъд аз суқути ҳукуматаш бар асари кудатои низомии раиси ҷумҳури феълӣ Парвиз Мушарраф ба Арабистони Саудӣ ҳиҷрат кард ва то имрӯз дар ин кишвар ба сар мебарад. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз бозгашти Навоз Шариф ба Покистон ширкат дар интихоботи порлумонии рӯзи 8 январи соли оянда аст.

XS
SM
MD
LG