Саидбек Маҳмадуллоев, сардори шуъбаи ташхиси дин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бо баршумории далоили фаровон ва овардани иқтибосот аз адабиёти таблиғии созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво», таъкид кард, ки ин гуна адабиёт ва маводи мазҳабӣ дар ояндаи наздик боиси низоъ ва муноқишоти динӣ дар кишвар хоҳад шуд. Зеро дар онҳо муқаддасот ва аркони аслии адёни дигар, аз ҷумла дини ислом, ки тақрибан саддарсади сокинони Тоҷикистон пайрави онанд, мавриди таҳқир қарор гирифтааст. Оқои Муҳаммадиев гуфт, вазорати фарҳанг ба унвони ниҳоди масъули давлатӣ, ки назорати фаъолияти созмон ва ҷамоъаҳои динӣ дар Тоҷикистонро бар уҳда дорад, вазифаи худ мешуморад, ки аз вуруди як чунин адабиёт ба дохили кишвар ҷилавгирӣ шавад.

Дар моҳҳои апрел ва майи соли равон ходимони Кумитаи гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе теъдоди номаълуми адабиёт ва маводи дигари таблиғотии созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво»-ро, ки аз Олмон дастрас мекардаанд, забт карданд. Ба иттиллоъи манобеъи расмӣ, кормандони гумрук дар асоси номаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ин иқдом даст задаанд. Кумитаи амният ва Вазорати фарҳанг муҳтавои ин адабиёти таблиғиро хатарофар хондаанд.
Аммо вакили мудофеъи ҷамоъаи мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар Тоҷикистон дар мурофиа умдатан суолотеро матраҳ мекард, ки бештар ба қонунмандии боздошти адабиёти воридкардаи ин созмон дар нуқтаи гумрукии Душанбе аз сӯи хадамоти гумрукӣ рабт доштанд. Ба эътиқоди ин вакили мудофеъ, боздошти адабиёт ва маводи воридкардаи онҳо дар нуқтаи гумрукии Душанбе дар моҳи апрел ва майи соли равон аз сӯи кормандони гумрук бар хилофи қонунҳои ҷории Тоҷикистон сурат гирифтааст. Вакили мудофеъ аз қонуни дин ва ташкилоти динӣ, қонуни матбуот ва қонун дар бораи хадамоти гумрукии Тоҷикистон мисолҳо оварда, дурустии фаъолият ва мавқеъи худро собит кардан мехост.
Лука Тофели, намояндаи конуни созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар Аврупо, ки ба ҳайси нозир дар мурофиъа ширкат дошт, гуфт, дар ҳоли ҳозир аксарияти пайравони онҳо дар Аврупо мутаваҷҷеҳи ҷараёни ин муҳокимаи додгоҳӣ мебошанд. Вай афзуд, онҳо бар ин умеданд, ки додгоҳ қазияро мунсифона ҳаллу фасл мекунад. Дар ҳамин ҳол Беҳрӯз Салехов, як намояндаи маҳаллии ҷамоъаи мазҳабии «Шоҳидони Яҳво», гуфт, муҳтавои адабиёти таблиғии онҳо низоъангез ва муноқишаофар нест ва даъвои вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин маврид беасос аст.

Зимнан, тибқи қарори вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар як моҳи пеш фаъолияти ҷамоъаи мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълон шуд. Ин созмон бар он муттаҳам мешавад, ки барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ дар сафҳои артиши кишвар миёни ҷавонон таблиғот бурдааст.Ҳамчунин мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ҳамчунин намояндагони «Шоҳидони Яҳво» дар Тоҷикистонро дар паҳн ва тавзеъу таблиғи адабиёти мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто манозили маскунии шаҳрвандон,ки пайравӣ аз мазоҳби дигарро доранд, муттаҳам мекунанд.
Ҷамоаи мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар Тоҷикистон аз соли 1994 ба фаъолият оғоз карда ва дар соли 1997 дар идораи марбутаи ин кишвар расман сабти ном шудааст. Гуфта мешавад, ҳоло ин созмон дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 узв доштааст.
Э монда шудам аз ин спектаклистон,мардуми точик дар назди телевизор мисли кудак нишаста мультфильм тамошо доранд,хамин аст хуллоса
Намозат аз сидк бошад,дар кучо хонданат фарк надорад,дар Курьон навишта шудааст!Ё ин,ки дар хона чойнамоз надоред?
Конуни нагз албатта лекин мухлати хизмат кам мешуд ,бехтарин буд.
Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд! БА НОМ ОЗОДИ ИН ТАХКИР ДАР ХАККИ АЛЛОХ МУМКИН АСТ КИ ЧОПАШ КАРДЕД? ? ? ? Ба гуфтаи худатон амал намекунед.
Хамаш хубу хамин маблаги чамшуда барои чи сарф мешад,нагуфтанд!Акнун военкоматхо ба коргар мухточ мешаванд!