Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиъаи додгоҳии "Шоҳидони Яҳво"


Офиси марказии "Шоҳидони Яҳво" дар шаҳри Ню-Йорк
Офиси марказии "Шоҳидони Яҳво" дар шаҳри Ню-Йорк

Мурофиъаи додгоҳӣ дар робита ба даъвои созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» рӯзи 22 ноябр дар додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе таҳти раёсати додраси низомӣ Тоҷиддин Қодиров доир шуд.

Созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» се ниҳоди расмии Тоҷикистон - Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи гумрук ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро барои манъи адабиёти воридаи ин ташкилот муттаҳам хонда ва аз додгоҳ тақозо кард, ки ба ин масъала расидагӣ кунад.

Намояндаи созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» зимни суханронӣ дар мурофиъа гуфт, ки адабиёт ва маводи таблиғотии воридкардаи онҳо аз сӯи ходимони Кумитаи гумруки шаҳри Душанбе дар моҳҳои апрел ва майи соли равон бар хилофи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ва меъёри байналмилалӣ забт шудааст. Ба таъйиди вай, ин адабиёт ва маводи таблиғотӣ қонунӣ ворид карда шуда ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон бар хилофи қонуни ташкилотҳои динии кишвар аз тақсими он ҷилавгирӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки намояндаи Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати фарҳанги Тоҷкистон, ки ба ҳайси ҷониби ҷавобгар дар ин мурофиъа ҳузур доштанд, гуфтанд, ки ташхиси мутахассисон собит кардааст, ки муҳтавои адабиёти воридкардаи созмони динии «Шоҳидони Яҳво» бар қонунгузории Тоҷикистон муғойират дорад.

Мурофиаи додгоҳии созмони динии «Шоҳидони Яҳво» дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки, тибқи қарори вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар як моҳи пеш фаъолияти он дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълон шуда буд. Созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» аз соли 1997 расман дар Тоҷикистон фаъолият мекард. Масъулини вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, тасмими манъи фаъолияти ин созмон бо дастури додситонии кулл баъд аз таблиғи рӯирост барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ дар сафҳои артиши кишвар ва фаъолияти ғайриқонунии созмони «Шоҳидони Яҳво» гирифта шудааст.

Дар соли 2005 низ Кумитаи дини раёсати ҷумҳурӣ фаъолияти созмони «Шоҳидони Яҳво»-ро барои се моҳ мутаваққиф карда буд, то фаъолияти худро дар доираи қонунҳои Тоҷикистон ба танзим дароварад. Тибқи манобеъи расмӣ, феълан беш аз 1000 сокини Тоҷикистон, ки намояндагони миллатҳои мухталиф, аз ҷумла тоҷикон, ҳастанд, аъзои «Шоҳидони Яҳво» мебошанд. Баҳси додгоҳии созмони мазҳабии Шоҳидони Яҳво ва ниҳодҳои давлати Тоҷикистон то рӯзи баъдӣ мавқуф гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG