Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои рушди фарҳангро баррасӣ карданд


Дар толори бузурги консерваторияи миллӣ бо ширкати мутахассисини маҳалливу хориҷӣ ва масъулини Вазорати фарҳанг ва пажӯҳишгоҳи илмии кишвар «Барномаи дурнамои рушди фарҳанги Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бар тибқи иттилоъи расмӣ, ҳадафи аслии ҳамоиш муайян намудани мушкилоти фарҳангӣ, роҳҳои рафъи он ва бурду бохти соҳаи фарҳанг дар ду соли ахир будааст.

Ҷармади Шермад – раиси пажӯҳишгоҳи илмӣ - таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти кишвар дар бастагӣ ба мавзӯъ мегӯяд, дурнамои рушди фарҳанги Тоҷикистон, ки дар соли 2005 қабул шуда буд, бо гузашти бояд ҳар ду сол як бор мавриди баррасӣ қарор гирад.

Масъулин мегӯянд, дар тӯли ду соли ахир дар бархе аз соҳоти фарҳанги кишвар, пешравие ба чашм мехӯрад, минҷумла, поягузории китобхонаи миллӣ, тарҳрезии осорхонаи кишваршиносӣ ва муҷаҳҳаз кардани бахше аз китобхонаҳои марказӣ. Ва аммо мушкилоти назаррастаре дар санъати театрӣ, фирори мағзҳо, адами ҳунармандони опера ва балет дар кишвар ба чашм мехӯранд.

Дар ин ҳамоиш усулан дурнамои рушди театри тоҷик ва опера ва балет мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилоъи худи ҳунармандон, мушкили ягона ва ҳалталаби театри тоҷик ва театри опера ва балет маоши кӯчак аст. Асалбек Назриев, ҳунарманди мардумӣ мегӯяд, то мушкили маоши ҳунармандон рафъ нагардад, ягон ҳамоиш, ягон дурнамои рушди фарҳанг… театри тоҷикро аз бӯҳрон наҷот дода наметавонад.

Сӯҳроб Мирзоев, раиси театри русии Маяковский меафзояд, набуди маблағ барои сафарҳои ҳунарӣ театрро ба масал хонанишин кардааст.

Ахиран, ҳамоиши мазбур бо шунидани маърӯзаҳои санъатшиносони маъруф Фирӯза Азизова, Сафар Шосаидов, Нур Табаров дурнамои рушди фарҳангро дар самти санъати театрӣ, таронсароӣ, ҳунари сиркӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қабул кард.

XS
SM
MD
LG