Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури Нирӯҳои Эътидоли Аврупоӣ тамдид шуд


Шӯрои амнияти СММ дирӯз эътиборномаи Нирӯҳои Эътидоли Аврупоиро дар Босния барои 12 моҳи дигар тамдид кард. Аъзои 15-нафараи Шӯро дар раъйдиҳии пӯшида барои қабули чунин қатънома мувофиқат карданд. Назорат бар вазъи амниятии Босния аз нирӯҳои НАТО ба нирӯҳои Эътидоли Аврупоӣ соли 2004 тибқи як қарордоди низомие таҳти сарпарастии Амрико вогузор шуд ва амалан ба ҷанги сею нимсолаи Босния хотима бахшид. Қарордоди мазкур, ки ҳамчун созишномаи Дейтон маъруф аст, Боснияро ба ду ҷумҳурии ҷудогонаи Сербистону Хорватия тақсим кардааст.
XS
SM
MD
LG