Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кампали ҳомили 7 кг ҳероин ба Маскав нарасид


Дар шимоли Тоҷикистон аз ҳодисаи навбатии қочоқи маводди мухаддир ба пойтахти Русия ҷилавгирӣ шудааст. Дар аснои тафтиши гумрукии бағоҷи мусофирони хатсайри Хуҷанд-Маскав, як шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир боздошт гардид. Зани боздоштшуда ду кампалро дар боғоҷаш ҷо кардааст, ки андаруни вай наздики 7 кило ҳероин пинҳон карда будааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG