Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон барои хориҷиҳо қоидаҳои нав ҷорӣ кард


Шурӯъ аз имрӯз Ҷопон барои хориҷиён қоидаҳои нав ҷорӣ кард. Ҳангоми вуруд ба кишвар мақомоти марзбонӣ акс ва изи ангушти онҳоро мегиранд. Ин талабот ба хориҷиёне, ки дар кишвар ба сар мебаранд, низ дахл дорад.

Мақомоти Ҷопон ба роҳ мондани ин чораҳоро бо мубориза алайҳи терроризм марбут мекунанд. Ба гуфтаи Тосиока, раиси Бюрои муҳоҷирати фурудгоҳи байнулмилалии Токио, “хориҷиён бояд бифаҳманд, ки аз ин чораҳо ба хотири таъмини амнияти онҳо низ кор гирифта шудааст”.

Раҳбарони Ҷопон мегӯянд, ки баъд аз пуштибонияшон аз амалиётҳои низомии Амрико дар Ироқ ва Афғонистон хатари рух додани ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG